Содир намудани ҷинояти қаллобӣ бо расонидани зарар ба шаҳрванд ба миқдори калон

Шаҳрванд М.М. санаи 12 августи соли 2021 ба боварии сокини ноҳияи Ашт, Ҷамоати деҳоти Ашт, деҳаи Бобохайр шаҳрванд Э. даромада, аз ў 510 адад коҳи бедаро ба маблағи ҳар донааш 25-сомонӣ дар умум 12750-сомонӣ арзиш карда гирифта, ба ноҳияи Б.Ғафуров бурда, ба шаҳрвандон М.С. ва Б.Ш. бо арзиши донааш 22-сомонӣ фурўхта, маблағи ба даст овардаашро ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст ва бо ин кирдораш ба шаҳрванд Э. ба миқдори калон зарар расонидааст.
Дар асоси ҳукми суди ноҳияи Ашт аз 16 марти соли 2022 шаҳрванд М.М. дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 247 қисми 3 бандҳои “а,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў дар асоси ин қисми модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати панҷсолу шаш моҳ, бо адои ҷазо дар колонияҳои дорои низомаш сахт, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ ба муддати як сол таъин карда шуд.