Саркаши аз пардохти маблағи алимент

Судшаванда АА, бидуни сабабҳои узрнок ҷинояти саркашӣ намудани падару модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғро содир намудааст.

Дар асоси аризаи даъвогии Х.Х. ва ҳалномаи суди ноҳияи Ашт аз соли 2021 А.А. ӯҳдадор гаштааст, ки ба фоидаи Х.Х. ҳар моҳ то ба сини балоғат расидани фарзандони ноболиғаш ба маблағи 150 сомонӣ ба ҳар кадоми онҳо дар умум 300 сомонӣ пардохт намояд.

Аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ашт барои пардохти маблағи алимент ба судшаванда А.А. якчанд маротиба огоҳинома дода шудааст. Вале, А.А. бидуни сабабҳои узрнок аз моҳи августи соли 2021 то моҳи марти соли 2023, яъне барои 19 моҳу 19 рӯз аз иҷрои ҳалномаи суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғаш бадқасдона саркашӣ намудааст, ки маблағи қарзи ҷамъшуда 5830 сомониро ташкил медодааст.

Бо ҳуки суди ноҳияи Ашт аз моҳи майи соли 2023 А.А. бо моддаи 177 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди корҳои ислоҳи ба мӯҳлати як сол бо нигоҳ доштани 20% музди меҳнат дар ҷойҳои корие, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян мекунад, вале дар ҷои истиқомати маҳкумшуда, таъин карда шудааст.