Расидан ба ваҳдату ягонагӣ, таъмини якпорчагии миллат ва таъсиси давлати Тоҷикистон, бунёди ҷомеаи адолатпарвару демократӣ, таъмини фазои ягонаи ҳуқуқӣ, қабули Конститутсияи миллии хеш, тасдиқи рамзҳои асосии давлатдорӣ аз комёбиҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор меравад, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мо ба онҳо даст ёфтем. Аммо марҳилаи асосии таъмини сулҳ ва ваҳдату ягонагӣ дар кишвар ба таври хеле мушкилу мураккаб амалӣ гашт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як давраи таърихӣ ҷанги дохилиро паси сар намуд. Дасисаҷӯӣ, манфиатхоҳии иддае аз гурӯҳон ва бадхоҳони миллат, нақшаи даҳшатноки душманони дохиливу хориҷии кишвар боис гардид, ки дар як муддати таърихӣ дар давлат ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омада, бесарусомониву нобасомонӣ авҷ гирад. Дар чунин вазъияти ҳассоси таърихӣ, ки хатари аз байн рафтани давлат ва порчашавии истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамуд, идора намудани кишвар ва ҳифз намудани истиқлолияти давлатӣ яке аз вазифаҳои асосии Роҳбарияти олии кишвар ба шумор мерафт, ки мутассифона дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ иваз ва азнавшавии роҳбарони давлат, ки фазои ягона ва мӯтадили кишварро таъмин карда наметавонистанд, боиси боз ҳам шадидтар шудани авзои сиёсии ҷомеа ва авҷ гирифтани ҷанги хунини кишвар мегардид, ки оҳи дардноки модари тоҷик, ки фарзанди худро зери ѓарқи хун дармеёфт, дуои ҳазорон мӯйсафедон ва қалби пок ва нияти неки халқи Тоҷикистон боис гардид, ки мардуми Тоҷикистон ба роҳбари созандаву бунёдкор даст ёбад. Ин буд, ки санаи 19-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз байни вакилони дар иҷлосия ҳузурдошта, Сарвари давлат интихоб шуда, масъулиятро барои имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷик ба дӯши худ гирифт. Маҳз дар чунин вазъияти ҳассоси сиёсӣ идора намудани кишвар, таъмини фазои ягонаи ҳуқуқӣ ва хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ аз вазифаҳои асосии Сарвари давлат ба шумор мерафт, ки Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулият ва ҳисси баланди ватандориву хештаншиносӣ, масъулияти таърихиву ҳассосноки кишварро бар дӯши худ гирифта, бар ватану миллат ва Халқи Тоҷикистон савганд ёд намуд, ки то лаҳзае, ки дар давлат оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш нагардад, ором намехобад ва омода аст, ки барои бунёди сулҳ, ваҳдати миллӣ ва таъмини якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷони худро нисор намояд. Натиҷаи талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат, муборизаи беамони халқи Тоҷикистон бар муқобили бадхоҳону ситезаҷӯёни кишвар ва ҷосусони кишварҳои хориҷӣ буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сулҳ ва ваҳдату ягонагии давлат даст ёбад. Расидан ба ваҳдату ягонагӣ марҳилаи мушкилро фаро гирифт, ки таъсиси комиссияи оштии миллӣ, музокироти чандинбораи Сарвари давлат бо мухолифини кишвар дар дохил ва хориҷи кишвар, муборизаву ҷонбозиҳои мардум ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчӣ зудтар даст ёфтан ба сулҳу ягонагӣ, зина ба зина шароит муҳайё намудан ба ваҳдату ягонагӣ, ба назар гирифтани андеша ва пешниҳодҳои дутарафаи намояндагони музокироти сулҳ имкон доданд, ки санаи 27-уми июни соли 1997 байни Сарвари давлат ва Сарвари мухолифин созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расад, ки маҳз ҳамин санаи таърихӣ ва ҳамин созишномаи дуҷониба шароити пурраро барои дастёбӣ ба ваҳдату ягонагӣ дар кишвар таъмин намуд.
Таърихи мамолики гуногун исбот намуд, ки расидан ба сулҳ ва ваҳдату ягонагӣ, даст ёфтан ба истиқлолияти давлатӣ ва бунёди давлату давлатдорӣ хеле мушкил ва муташанниҷ сурат гирифта, бисёре аз давлатҳо бо вуҷуди муборизаи тӯлонии чандинсолаи худ ҳанӯз ҳам наметавонанд ба бунёди давлати миллии хеш даст ёбанд, чунки раванди бунёд намудани давлату давлатдорӣ ва таъмини ваҳдати комили он на ба ҳар кас муяссар мегардад. Халқи баландиқболи тоҷик ба шарофати роҳбари сиёсатмадору хирдмандонааш ва дуои ҳазорон модарону падарони тоҷик тавонист дар як муддати кӯтоҳтарин истиқлолияти давлатии худро ба даст оварда, ҷанги шаҳрвандиро паси сар намояд, ки бо шукргузорӣ аз роҳбари Олии давлат ва фарзандонаи фарзонаи миллати тоҷик мо тавонистем имрӯз ваҳдату ягонагиро таъмин намуда, дар кишвар фазои ягонаи ҳуқуқиро таъмин намоем.
Дар раванди бунёд намудани давлати ягонаву ҳуқуқбунёд саҳми беандоза ва хизматҳои шоистаи Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баѓоят муҳим мебошад, ки маҳз зери роҳбарии ҳамин шахси волои кишвар ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи он мо тавонистем ваҳдату ягонагиро таъмин намоем, ки рамзи эҳтиром ба поягузори ваҳдати миллӣ ва қадр намудани хизматҳои шабонарузонаи он Халқи Тоҷикистон ба воситаи вакилони худ, ки ирода ва изҳори озодонаи хеш мебошанд боварӣ ва дастгирии хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта, ба хотири саҳми беандозаи он барои бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, бо қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат» ба Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллатро тақдим доштанд. Зеро таъмини сулҳу суботи ягонаи давлат, бартараф намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ба вуҷуд овардани фазои ягонаи озоду ором дар мамлакат,расидан ба сулҳу ваҳдату ягонагӣ, таъмини шароити арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таъмин ва кафолати арзишҳои навини ҷомеаи демократӣ тавассути Конститутсияи миллии хеш ба монанди таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, фазои ягонаи иқтисоди озод ва гуногуншаклии моликият, ки дар он таъмини фаъолияти озоди соҳибкорӣ кафолат дода мешавад, натиҷаи ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боварӣ ва дастгирии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат мебошад, ки дар марҳилаи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ таъмин гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати рӯзи ваҳдати миллӣ иброз намудаанд, ки «Истиқлолият ва ваҳдат дар таърихи навини халқамон ҳамчун омилҳои созанда дар самти бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги таҳаммулгароӣ барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлатамон заминаи асосӣ гузоштанд. Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои ватандӯстонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халқи Тоҷикистон мебошад ва маҳз ба ҳамин хотир, мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро ба мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем ва ҳифзу нигаҳдорӣ намоем».
Бинобар ин бо дарки масъулияти баланди таърихӣ ва ватандориву хештаншиносӣ, баҳри анҷом додани рисолати таърихии худ оид ба пойдор ва беосеб нигоҳ доштани давлату миллат ва кишвари хеш моро зарур аст, ки дар вазъияти муташанниҷ ва ноороми ҷаҳони имрӯз тамоми нерӯ ва иродаи хешро баҳри пойдориву ободонии давлатамон сафарбар намуда, кӯшиш намоем, ки ҳамеша ваҳдату ягонагӣ ва пойдории давлатамонро таъмин намуда тавонем.
Мо бояд шукргузорӣ аз Ватану миллати азизи хеш намоем, ки зери фазои озоди сиёсӣ ва сулҳу суботу оромӣ зиндагонӣ намуда, ором нафас мекашем, зеро авзои сиёсии ҷаҳони имрӯза моро водор ба он менамояд, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро чун мисли гавҳараки чашм нигоҳ дошта, бо ҳам иттифоқ бошем, чунки асоси пойдории сулҳу субот дар кишвар ин иттифоқии шавҳрвандони давлат мебошад.
Муаллиф: Анварзода Алишер Анвар-судяи суди ноҳияи Ашт