Рӯзи 03 феврали соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт доир ба шарҳу тавзеҳи Паём, самаранок истифода намудани қувваи барқ ва дигар қонунҳои амалкунанда бо иштироки сокинн ва фаъолони ин ҷамоат вохӯрӣ баргузор карда шуд. Дар вохӯрии мазкур раиси суди ноҳияи Ашт Азизмуҳаммад Хуршед Азизмуҳаммад, судяҳо Қурбонзода Хусрав Ёқубӣ ва Эркинзода Отабек иштирок ва суханронӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин санадҳои барномавие аст, ки дар он на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимоли равандҳои ояндаи дохилӣ , минтақавӣ ва глобалӣ аз нигоҳи илмӣ баён гардидааст. Зимни вохӯрӣ, инчунин доир ба самаранок ва оқилона истифодаи бурдани қувваи барқ ва ҷавобгарӣ барои ғайриқонунӣ истифода намудани он ба самъи иштирокдорон расонда шуд. Ҳамчунин, судяҳо Қурбонзода Х.Ё. ва Эркинзода О. доир ба муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», «Дар бораи танзими ҷашнум маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва дигар қонунҳо баромад намуда, ҷавобгариҳо барои риоя накардани ин қонунҳоро номбар намуданд.
Суратгузориш аз рафти вохӯрӣ…

Суди ноҳияи Ашт 