Рўзи 11-уми феврали соли 2025, соати 21-30 дақиқа шаҳрванд Д.З.М. дар ҳолати мастии майзадагӣ ба манзили истиқоматии ҳамдеҳааш Э.Ф.С. омада, дари манзили истиқоматии охиронро задааст, ки ӯ дари манзилро кушода, ба роҳрави ошиёнаи сеюми бино баромадааст, ки ин лаҳза Д.З.М. як маротиба бо чўби бо худ овардааш ба фарқи сари Э.Ф.С. зарба зада, худ гашта, ба саҳни ҳавлии бинои истиқоматӣ фаромадааст.
Э.Ф.С., ки дар ҳолати мастии майзадагӣ қарор доштааст аз ин рафтори Д.З.М. ба ғазаб омада, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз дохили ҳуҷраи истиқоматиаш як адад корди ошхонагиро ба дасташ гирифта, ба саҳни ҳавлии бино баромадааст. Сипас, дар саҳни бино қасдан як маротиба бо корди дар даст доштааш ба қисмати зери каш аз тарафи чапи Д.З.М. зарба зада, бо теғи корд оқиби дастпанҷаи чапашро бурида, ба саломатии охирон ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Дар натиҷа аз ҷароҳатҳои бардоштааш Д.З.М. худи ҳамон рӯз дар беморхонаи деҳаи Дустӣ вафот кардааст.
Бинобар ин, бо ҳукми суди ноҳияи Ашт аз 15 майи соли 2025 Э.Ф.С. дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 110 қисми 3 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 13 (сенздаҳ) сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шуд.