Саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ин кирдор

Даъватшаванда Н.А.М. дар асоси протоколи комиссияи даъватии ноҳияи Ашт аз 03 апрели соли 2014 ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифта шуда, аз комиссияи тиббӣ гузаштааст ва лоиқи хизмати ҳарбӣ дониста шудааст. Рӯзи 16 феврали соил 2023 ба ӯ барои ҳозир шудан ба комиссияи даъватии ноҳияи Ашт ба 01 апрели соли 2023 даъватнома шахсан супорида шуда, имзои охирон гирифта шудааст. Ҳамзамон пас аз ба тавсиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №541 аз 01 марти соли 2023 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ” даъватшаванда Н.А.М. ба комиссияи даъват ҳозир нашуда, бе сабабҳои узрнок бо мақсади саркашӣ намудан аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Ашт ҳозир нашуда, ба самти номаълум ғайб зада, бо ин роҳ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ кардааст.

Бинобар ин, нисбати охирон бо моддаи 343 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳияи Ашт ирсол карда шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Ашт аз 31 январи соли 2024  Н.А.М. бо моддаи 343 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба сию чор ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Бинобар ин, ҳар як даъватшаванда ба хизмати ҳатмии ҳарбиро зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ мардонавор ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда, марзу буми Ватани азизамонро содиқона ҳифз намуда, бо сари баланд адои хизмат намуда, ба хона баргарданд.